Бештари шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷурми ҷиноёти маводи мухаддир дар Русия боздошт шуданд

Ба гуфтаи мақомот аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, барои содир кардани ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир дар Русия боздошт шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Раҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон Самад Зафар гуфт, ки дар соли гузашта 829 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар барои ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир боздошт шудаанд.
Ба гуфтаи вай, дар соли пештар, яъне соли 2023, 866 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар барои содир кардани ин ҷиноятҳо боздошт шуда буданд.
“Теъдоди бештари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли гузашта барои содир кардани ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир боздошт шуданд дар Русия будааст. Теъдоди шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон 775 нафарро дар Русия ташкил медиҳад”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки соли гузашта дар низ Узбекистон 26 нафар, дар Қазоқистон 26 нафар ва дар Қирғизистон як шаҳрванди Тоҷикистон барои содир кардани ҷиноятҳои мушобеҳ боздошт шудаанд.
Коҳиши нашъамандӣ дар Тоҷикистон: Сабти 110 зани нашъаманд дар кишвар
Самад Зафар гуфт, ки аз шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон 126 кг маводи мухаддир мусодира шудааст, дар ҳоле ки дар соли 2023 449 кг маводи мухаддир мусодира шуда буд.
Дар худи Тоҷикистон, ба гуфтаи оқои Зафар, соли гузашта 14 шаҳрванди хориҷӣ барои қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуда буд.
Ба гуфтаи вай миёни онҳо 6 шаҳрванди Афғонистон, 5 нафар аз Узбекистон, 2 нафар аз Қирғизистон ва 1 нафар шаҳрванди Қазоқистон аст.