Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Аз низомӣ то техника: Эълони талафоти моҳонаи артиши Украина дар амалиёти вижа

Талафоти нерӯҳои украинӣ давоми як моҳи гузашта танҳо дар самти Курск ба 10 110 нафар низомӣ ва теъдоди зиёди техникаву таҷҳизот расидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар моҳи январ дастикам 44 520 низомии худро дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ талаф додааст.
Дар ин бора РИА "Новости" бар асоси ҳисоби маълумоти Вазорати дифои Русия давоми моҳ хабар додааст.
Дар ҳамин давра ҷангҷӯёни украинӣ 64 танк, аз ҷумла 9 тонки "Леопард" ва ҳавопаймоҳои Су-27 ва МиГ-29-ро аз даст доданд.
Дар миёни таҷҳизоти харобшудае, ки кишварҳои НАТО ба Украина интиқол додаанд, ҳамчунин панҷ мошини ҷангии пиёдагарди сохти амрикоии Bradley, як мошини ҷангии системаи мушакии Striga-и Чехия, мошинҳои зиреҳпӯши ҷангии Iveco-и толиёвӣ, як мошини зиреҳпӯши лаҳистонии Rosomak, як мошини зиреҳпӯши туркӣ Cobra II, системаи оташандозии чандгонаи хорватии RAK-SA-12 ва БТР Pasi-и финӣ ҳастанд.
Гуфта мешавад, ки талафоти нерӯҳои украинӣ дар самти Курск моҳи гузашта ба 10 110 нафар низомӣ расида, ҳамзамон теъдоди зиёди техникаи пешрафтаи ғарбиро аз даст додаанд
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин: Артиши Русия аз амнияти Русия дифоъ мекунанд
Дар охири моҳи январ ниҳоди низомӣ гуфт, ки дар шаш моҳи охир талафоти захмиён ва ҷуброннопазири нерӯи кории Қувваҳои Мусаллаҳи Украина пайваста тақрибан 50 ҳазор нафар ва бештар аз ононро ташкил додааст.
Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти ӯ, онҳо дар моҳи январ 51960 нафар, дар моҳи декабри соли 2024-48470, дар моҳи ноябр 60805 нафарро ташкил додаанд.
Вазорат тавзеҳ додааст, ки ҳудуди сад ҳазор сарбози украинӣ бидуни иҷоза воҳидҳои низомии худро тарк карда, ба фирор рӯ овардаанд.
Дар ҳамин ҳол, шумораи даъватшудагон дар марказҳои таълимии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина, ҳатто бо назардошти "фаъол шудани" марказҳои даъвати ҳудудӣ (комиссияҳои ҳарбӣ) дар саросари Украина, дар як моҳ ба 30 ҳазор нафар мерасад.
Вазорати дифои Русия афзуд, ки онҳо тақрибан шаш моҳ бидуни омодагии мувофиқ ба хатти ҷангӣ фиристода мешаванд, ки ин боиси коҳиши шумори нерӯҳои мусаллаҳи Украина мешавад.