ДУШАНБЕ, 02 фев – Sputnik. Қишре дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин назар ҳастанд, ки таҷлил аз ин қабил ҷашнҳо хилофи ислом ва “ҳаром” аст.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтӣ ё раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, дар шарҳи ин мавзуъ гуфт, бино ба фармудаҳои дини ислом, бахусус мазҳаби ҳанафӣ, иҷрооти ҳар урфу одат ва анъанае, ки муқобил ё мухолиф бо дини ислом нест, иҷозат аст.
“Агар онҳо ба дину ақидаи мусулмон зиддият надоранд ва ба имону динддории мусулмон зарар ё осеб намерасонанд, мушкиле нест. Тамоми давлатҳои исломӣ мисли мо ҷашнҳои миллии худро доранд, масалан, ҷашнҳои истиқлолу идҳои кишоварзон ва онҳоро бо шукуҳу шаҳомат ҷашн мегиранд”, - гуфт Саидмукаррам Абдулқодирзода.
Тоҷикистон тайи 25 соли ахир дар сатҳи милливу байнулмилалӣ чаҳор иди қадимии ориёӣ ва тоисломӣ – Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргонро расмият бахшид. Ба гунаи мисол, имрӯзҳо дар саросари кишвар ҷашни Сада, ки ба 30 январ рост меояд, таҷлил мешавад. Он 8 сол ба ин сӯ иди расмист.
Мардуми эронинажод Садаро ба унвони ҷашни нуру рӯшноӣ ва оғози марҳалаи омодагӣ ба Наврӯз, ки оғози мавсими кишоварзӣ, заминдорӣ ва боғдорӣ аст, ҷашн мегирифтанд ва оташ, як намоди оини Митро - офтобпарастӣ, аз унсурҳои муҳими он аст.
Ҳоло Наврӯз, ҷашни дигари мардуми эронинажод, ҷашни байнулмилалӣ эътироф шуда, соли 2010 ба Феҳристи ҷашнҳои ғайримоддии башарият ворид шудааст. 4 декабри соли гузашта Тоҷикистону Эрон муштарак ҷашни дигар – Меҳргонро дар Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият сабт карданд.
31 январи соли ҷорӣ Маҷлиси миллии Тоҷикистон иди Тиргонро ба феҳристи рӯзҳои иди расмӣ ворид кард. Аммо дар Тоҷикистон фақат Наврӯз, ки Соли нави мардуми эронитабор низ ҳаст, расман истироҳатӣ аст ва Садаву Меҳргону Тиргон дар шакли фестивалҳои кишоварзон ҷашн гирифта мешаванд ва рӯзҳои истироҳатӣ нестанд. Дар баробари ин, идҳои мусулмонии Рамазон ва Қурбон рӯзҳои истироҳатӣ ба шумор мераванд.
Дар ҳамин ҳол, бо он вуҷуд ки ҳукумати Тоҷикистон, ки 99 дарсади мардумаш мусулмонанд, ин идҳоро ғайридинӣ ва сирфан марбут ба кишоварзиву заминдорӣ арзёбӣ мекарду мекунад, мухолифини исломии ҳукумат ин ҷашнҳоро маҷусӣ, мухолиф ба дину ақидаи исломӣ ва “ҳаром” мехонанд. Чаро?
Коршиносон мегӯянд, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон дар қиёс бо дигар кишварҳои мусулмони Осиёи Марказӣ бо хатари тундгароии исломӣ, бахусус, ақоиди такфирӣ мувоҷеҳ шуд, ки ҳама гуна арзиш, намоду нишона ва ҷашну анъанаҳои миллиро рад карда, мехоҳанд ин кишварро як кишвари исломӣ, ҳатто арабӣ бубинанд.
Фирдавс Ҷалилов, коршинос дар умури амниятӣ, мегӯяд, эҳёи ҷашнҳои миллӣ чандин ҳадаф дорад, аз ҷумла ин ки шиддати тундгароии исломӣ коҳиш ёбад, мардум расму русуми миллии худро бишносанд ва тоҷикону Тоҷикистон, минҳайси ҳомилони тамаддуну фарҳанги эронӣ, чеҳраи аслии худро нигоҳ доранд.
"Дар Эрону Афғонистон ҳукуматҳое ба қудрат расиданд, ки бар арзишҳои исломӣ арҷ мегузоранд, на арзишҳои миллӣ. Мардуми онҳо арзишҳои миллии худро ҳифз мекунанд, аммо дар дарозмуддат хатари аз миён рафтани онҳо ҳаст. Масалан, бархе дар ин кишварҳо як шахсияти исломӣ ва арабро аз шахсияти миллӣ ва эронии худ боло медонанд. Тоҷикистон, баръакс, талош мекунад, ки ҳам арзишҳои исломӣ ва ҳам арзишҳои миллии худро ҳифз кунад”, - гуфт Фирдавс Ҷалилов.
Иддае дигар аз коршиносон бар инанд, ки Тоҷикистон аз ин роҳ ҳатто мазҳаби ҳанафиро, ки 95%-и мардуми кишвар аз он пайравӣ мекунад, мехоҳад муҳофизат кунад, зеро мазҳаби ҳанафӣ ба урфу одат ва расму русуми миллии пайравонаш эҳтиром мегузорад ва аз ин хотир, онҳо беш аз нисфи мусулмонони ҷаҳонро ташкил мекунанд, чун дар ин мазҳаб ҳам эътиқоди худро мебинанд ва ҳам чеҳраи миллии худро ҳифз мекунанд.
Иқбол Аминов, коршинос дар умури дин, мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон тавонист мазҳаби ҳанафиро аз ақоиди такфирӣ ва девбандӣ, ки аз сӯи истихбороти ғарбӣ ва минтақаӣ дар солҳои аввали истиқлолият вориди саҳнаи мазҳабии кишвар андохта шуданд, муҳофизат кунад.
“Масалан, ҷашни Наврӯз 1400 сол дар қаламравҳои Осиёи Марказӣ ва хориҷ аз он, ки ҳукуматҳои мусулмонӣ доштанд, таҷлил мешуд, аммо пайравони такфириву девбандӣ дар Тоҷикистон дар асри 21 онро “ҳаром” эълон мекунанд. Ку мантиқ? 14 аср гапе набуд, аммо имрӯз чаро ва аз куҷо ин баҳс матраҳ мешавад? Аммо ҳадаф чист? Фақат як ҳадаф – аз байн бурдани фарҳанги эронӣ ва ба ҷои он шинондани фарҳанги исломии арабӣ, ки тундгароӣ аз он об мехӯрад, тундагароие, ки ғарбиҳо аз он барои муқобила бо Русияву Чин ва Эрон истифода мекунанд, тундгароие, ки маҳсулаш ҳамин Ал-қоидаву Толибону ДОИШ ҳастанд”, - гуфт Иқбол Аминов.
Коршиносон мегӯянд, ақидаи исломӣ дар миёни мусулмонони Тоҷикистон решаи амиқ дорад ва ҳукумати Тоҷикистон низ, ки 99,9%-и намояндагонаш мусулмонанд, инро дарк мекунанд ва инро ҳам дарк мекунанд, ки ислом низ ҷузъи фарҳанги миллии мардуми кишвар аст ва тоҷикон дар рушду густариши он нақши калидӣ доштанд.
Аз ин хотир, ҷашнҳои миллиро як гуна тантанаҳои кишоварзиву заминдорӣ ва маъракаҳои ҷалби мардум барои ҳамкорӣ дар таъмини амнияти ғизоии давлат арзёбӣ мекунанд.