ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Ҳаҷми тиҷорати мутақобила дар соли 2025 миёни кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) аз 100 млрддоллар бештар хоҳад шуд.
Дар ин бора раиси Раёсати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Бакитжан Сагинтаев дар пайи ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё дар Алмаато изҳор дошт.
"Пешгӯӣ мешавад, ки суръати афзоиши солонаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар солҳои 2025-2026 дар сатҳи 2,9% боқӣ хоҳад монд. Мубодилоти мутақобила дар соли ҷорӣ аз 100 млрд доллар бештар хоҳад шуд", - гуфт Сагинтаев.
Ба гуфтаи ӯ, дар кишварҳои ИИАО афзоиши бештари нишондиҳандаҳо мушоҳида шуда, мизони рушди иқтисодии кишварҳои узв дар соли дуввум аст, ки аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ баландтар будааст.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои ИИАО дар соли 2024, 4% афзоиш ёфт, ки ин аз сатҳи соли гузашта ва миёнаи ҷаҳонӣ баландтар аст, таъкид кард ӯ.
"Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта ҳаҷми муомилоти молии мутақобила 98,3 млрд доллар ва сармоягузории мутақобила дар нимсолаи аввал тақрибан 2 млрд доллар арзёбӣ мешавад", - гуфт Сагинтаев.
Афзоиш дар сохтмон ва интиқоли мусофирон низ ба назар мерасад - мутаносибан 3 ва 7,2%.
Илова бар ин, ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ байни кишварҳои ИИАО тибқи маълумоти нимсолаи аввали соли 2024, ба 92,3% расид.