Дар Душанбе ҷашни Сада бошукӯҳ таҷлил шуд

Дар пойтахти Тоҷикистон дар боғи Фирдавсӣ ҷашни нотакрори дорои таърихи бостонӣ баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Сада чорабинии бошукӯҳ баргузор шуд. Чорабиниҳои тантанавӣ дар Боғи ба номи А.Фирдавсӣ бо гулхани суннатӣ оғоз шуд ва меҳмонону сокинони пойтахт гирди он рақсу таронахонӣ мекарданд, хабар дод хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Илова бар ин, кишоварзону деҳқонон аз тамоми гӯшаб канори мамлакат бо маҳсулоти хоҷагии қишлоқ омада, ярмаркаи фурӯши тухмию ниҳол ва гулу буттаҳо ташкил карданд.
Сада пеш аз ҳама барои онҳое, аст, ки дар саҳро кор мекунанд. Деҳқонон маҳз аз ҳамин вақт омодагӣ барои кор дар саҳроро оғоз мекунанд.
Раҳмон тоҷикистониёнро бо ҷашни Сада табрик кард
Ҳамчунин дар ин давра тартиби буридани ниҳолҳо, шинондани дарахтони мева ва тоза кардани гирду атроф ба роҳ монда мешавад.
Ва муҳимтарин аз ҳама афрухтани гулхан аст, зеро оташ рамзи дигари ид аст, ки гармиро меорад.
Худи вожаи "сад", тоҷикӣ буда, маънои онро дорад, ки то Соли нави шарқӣ – Наврӯз 50 рӯзу 50 шаб боқӣ мондааст.