ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли 2024 вобаста ба риоя нагардидани талаботи қонуни танзим 1435 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 609 ҳолат зиёд мебошад.
Вай гуфт, ки маблағи умумии ҷаримаҳои муқарраргардида 11 миллиону 95 ҳазору 560 сомониро ташкил намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 114 ҳазору 853 маърака ва маросим сабт гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 506 маърака кам мебошад.
Раиси ин кумита зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки дар ҷумҳурӣ то ҳанӯз ҳолатҳои риоя нагардидани тартиби гузаронидани ҷашну маъракаҳо вуҷуд доранд.
"Новобаста ба кам сабт шудани маърака ва маросим дар ҷумҳурӣ, мутаассифона, ҳуқуқвайронкунии зиёд ба қайд гирифта шудааст. Далели ин дар 1409 ҳолат таъйин гардидани ҷазо мебошад",- гуфт Сулаймон Давлатзода.
Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд соли қабл Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумиӣ” ро қабул намуд. Ҳукумат ҳадафи қабули чунин қонунро пешгирӣ аз исрофкориҳои беҳуда арзёбӣ мекунад.