Соли дуюм аст, ки суръати рушди иқтисодии ИИАО аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ баландтар аст

Тибқи ҳисобҳои пешакии Комиссия иқтисодии АвруОсиё, маҷмӯи маҳсулоти дохилии Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар соли 2024 4% афзоиш ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Вазири ҳамгироӣ ва макроиқтисоди Комиссия иқтисодии Авруосиё Элдар Алишеров қайд кард, ки роҳҳои нави тиҷорат, нақлиёт ва логистика, муҳоҷирати меҳнатӣ ва гардиши молиявӣ дар минтақа дар бароибари сиёсати иқтисодӣ ба рушди иқтисодӣ кишварҳои ИИАО такони ҷиддӣ бахшид.
Ба гуфтаи ӯ, равобити тиҷорӣ, молӣ ва истеҳсолӣ дар иттиҳод субот ва алоқаҳои истеҳсолӣ дар Иттиҳод устувории иқтисод – имконияти мутобиқшудан ба шароитҳои тағйирёбандаро нишон дод.
Тибқи ҳисобҳои пешакии Комиссия иқтисодии АвруОсиё, маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИИАО дар соли 2024 4% афзоиш ёфт, ки аз суръати миёнаи рушди ҷаҳонӣ (3,2%) ва нисбат ба пешгӯиҳои аввалия баландтар аст.
Арзиши савдои мутақобилаи молҳо дар соли 2024 назар ба савдои хориҷӣ ва мутақобила дар дигар иттиҳодияҳои ҳамгироӣ бо суръати баландтар афзоиш ёфт ва то соли 2026 қариб ба 100 миллиард доллар расид.
Сатҳи таварумро дар кишварҳои ИИАО таҳлил шуд
Элдар Алишеров таъкид кард, ки дар иқтисод шароити мусоид ба вуҷуд омадааст, ки ба афзоиш ва наздикшавии сатҳи даромад мусоидат мекунад.
Ҳамчунин вай гуфт, дар Иттиҳод сатҳи бекорӣ ба сатҳи таърихан пасти 3% расид, дар ҳоле ки афзоиши сармоягузорӣ баланд боқӣ мемонад - беш аз 8,2%.
"Таъмини рушди устувори иқтисодӣ тавассути афзоиши сармоягузорӣ ба соҳаҳои гуногун, аз қабили телекоммуникатсия, нақлиёт ва нерӯи барқ, бояд пеш аз ҳама ба рафъи "монеъаҳо" дар зерсохтор вобаста ба самти таҷдиди ҷараёни тиҷорат, беҳбуди алоқаи нақлиётӣ ва логистикии иқтисодиёт равона карда шаванд", - хулоса кард Элдар Алишеров.