ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Намояндагии доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид дар Женева ба Дафтари Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон маълумот дар бораи ваҳшигариҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар деҳаи Русское Поречное дар вилояти Курск пешниҳод хоҳад кард.
Дар ин бора ба РИА “Новости” намояндагии дипломатӣ хабар додааст.
Намояндагии доимӣ қайд кард, ки "мо баробари гирифтани маълумоти расмӣ дар ин бора онро пешниҳод мекунем".
Рӯзи ҷумъа намояндаи расмии Кумитаи тафтишотии Русия Светлана Петренко гуфт, ки муфаттишони низомӣ ҳуввияти панҷ ҷангҷӯи украиниро, ки 22 сокини рустои Русское Поречное дидаву дониста куштанд, муайян кардаанд.
Ба гуфтаи тафтишот, паси ин ҷиноятҳо сарбози аршад Евгений Фабрисенко ва ҷангҷӯён бо лақаби Кум, Мотил, Проводник ва Художник меистад. Онҳо моҳи сентябри соли гузашта ба вилояти Курск ҳамла карда буданд.
Дар рафти набардҳо дар минтақаи Суджа Фабрисенко ба асират афтид. Ҳангоми бозпурсӣ ӯ дар бораи ҷиноятҳое, ки дар якҷоягӣ бо дигар хизматчиёни ҳарбӣ содир кардааст, аз ҷумла таҷовуз ба номус, таҷовузи ҷинсӣ ва куштор нақл кардааст.
Маҳбус қайд кард, ки ҷангҷӯёни украинӣ дастур гирифтаанд, ки шаҳракро аз мардуми осоишта поксозӣ кунанд. Онҳо чанд нафарро баста, ба таҳхона фуроварданд ва ба он ҷо норинҷак партофтанд.
Бар зидди низомиёни украинӣ, ки дар амали террористӣ алайҳи мардуми осоишта дар вилояти Курски Русия даст доштанд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Президенти Русия Владимир Путин таъкид кард, ки ҳама ҷиноятҳои содиркардаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина бояд ҳуҷҷатгузорӣ шаванд ва ҷинояткоронро бояд пайдо ва ҷазо дод.