Тоҷикистону Русия азсаргирии ҳаракати қаторҳо дар масири Душанбе - Маскавро баррасӣ доранд

Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, Душанбе ва Маскав низ дар заминаи тавсеаи ҷуғрофиёи мусофиркашонии автобусҳо корҳоро идома медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Тоҷикистон ва Русия баррасии масъалаи азсаргирии ҳаракати қаторҳо дар масири Душанбе - Маскав идома медиҳанд.
Дар ин бора вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Масъалаи хатсайрҳои автобусҳо байни шаҳрҳои ду кишвар, ки қаблан бар асари пандемияи COVID-19 қатъ шуда буданд, дар дастури кор қарор дорад.
Ба гуфтаи вазири нақлиёт, дар мулоқот дар Маскав дар ҳошияи Конфронси ҳамоҳангсозии ҳамлу нақли кишварҳои ИДМ, масоили беҳбуди иртибототи нақлиётӣ баррасӣ шудааст.
"Мо ба ҳамдигарфаҳмии комил расидем. Аммо масъалаҳое ҳастанд, ки вақтро тақозо мекунанд, аз ҷумла дар масири роҳи оҳани Душанбе-Маскав", - изҳор дошт вазири нақлиёти Тоҷикистон.
Вазир ҳамчунин афзуд, ки дар назар аст, ҷуғрофиёи ҳамлу нақли автобусҳо байни кишварҳоро васеъ карда шавад.
Азим Иброҳим: "Cухан дар бораи оғози бунёди метро дар Душанбе ҳанӯз барвақт аст"
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи як манбаъ дар Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" қаблан дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Sputnik Тоҷикистон, гуфта буд, ки Тоҷикистон ба азсаргирии хатсайри роҳи оҳан миёни Маскав ва Душанбе манфиатдор нест.
Роҳи оҳани Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки тибқи ҳисобҳо, ҳаракати қаторҳо дар ин самтҳо зараровар аст, зеро қатораҳои кишварҳои дигар дар қаламрави Русия бо нархҳои гуногун ҳаракат мекунанд.