Сатҳи таварумро дар кишварҳои ИИАО таҳлил шуд

Аз ҷониби комиссияи иқтисодии АвруОсиё сатҳи таварруми солона дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро таҳлил карда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Дар соли 2024 дар тамоми кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё болоравии нархҳои истеъмолӣ ва тарофаҳоро нисбат ба соли пешин ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ додааст Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Болоравии андаки таваррум тақрибан дар тамоми кишварҳои узв ба қайд гирифта шудааст.
Табқи иттилои Комиссияи иқтисодии Авруосиё таваррум дар кишварҳои узв чунин будааст.
Дар охири моҳи декабр сатҳи таваррум солона чунин буд:
дар Арманистон – 1,5%,
дар Беларус – 5,2%,
дар Қазоқистон – 8,6%,
дар Қирғизистон - 6,3%,
дар Русия – 9,5%.
Ҳамчунин зикр шудааст, ки дар сохтори нархҳои истеъмолӣ коҳиши таваррум дар маҳсулоти хӯрокворӣ дар Беларус ва Қазоқистон, маҳсулоти ғайриозуқа дар Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ва хизматрасонӣ дар Арманистон, Беларус ва Қирғизистон ба қайд гирифта шудааст.
Оверчук: оғози узвияти Арманистон дар Иттиҳодияи Аврупо оғози хориҷаш аз ИИАО мешавад
Чанде пеш ин Комиссия хабар дода буд, ки дар шароити болоравии нархҳои ҷаҳонӣ, маҳдудиятҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва таҷдиди занҷирҳои таъминоти логистикӣ давлатҳои “панҷгона”-и АвруОсиё барои ҷилавгирӣ аз афзоиши нархҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои миллии таваррум чораҳо андешиданд.
Барои ба эътидол овардани нархҳои истеъмолӣ, Бонкҳои танзимгар меъёри бозӣамвилро дар солҳои охир дар сатҳи баланд нигоҳ доштанд.
Дар аксари кишварҳои иттиҳод мақомоти ваколатдор барои муваккатан танзими нархҳо барои бархе молҳои муҳими иҷтимоӣ, маҳдуд кардани содироти баъзе навъҳои мол, пур кардани бозори дохилӣ, назорати фоидаи тиҷоратӣ, додани қарзҳои имтиёзнок ва имтиёзҳои андозӣ, инчунин ҷубронпулӣ ба истехсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ чораҳо андешиданд.
Ҳамин тавр, бо андешидани чораҳо дар кишварҳои ИИАО, мӯътадилшавии таваррум ва афзоиши устувории нархҳо мушоҳида шуд.