ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Сафорати Эрон дар Тоҷикистон дар саҳифаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоӣ аз Лағви раводиди ҳавоӣ барои атбои Эрону Тоҷикистон хабар дод.
“Бар асоси мусаввабаи ҷадиди ҳайати вазирони Эрон, атбоъи дорандаи гузарномаи одии ду кишвари Эрону Тоҷикистон муҷоз хоҳанд буд, бидуни ниёз ба раводид аз тариқи ҳавоӣ аз мабдаи Эрон ба мақсади Тоҷикистон ба хоки якдигар сафар карда ва дар ҳар давраи 90 рӯза ба муддати 30 рӯзи иқомати намоянд”, - қайд кардааст сафорат.
Вазорати умурхориҷаи Эрон, таърихи иҷрои ин мусаввабаро аз 3 феврали соли 2025 эълом кардааст.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Эрон зимни сафари ахираш ба Тоҷикистон дар дидор бо эрониёни муқими Душанбе гуфта буд, ки мушкили судури раводиди атбои Эрону Тоҷикистон ҳал шуд.
Вай гуфт, то ҷое ки метавонем равобити тиҷории миёни туҷҷори ду кишварро тасҳил мекунем.
Пизишкиён ҳамчунин таъкид кард, ки дар музокирот бо мақомоти Тоҷикистон бар ин нуктаи таъкид доштааст.
“То ҷое ки битавонем равобити тиҷории миёни тоҷирони Эрону Тоҷикистонро тасҳил мекунем ва ин ба нафъи мо ва туҷҷор аст”,- гуфта буд раисҷумҳури Эрон.
Бояд гуфт, ки Ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Эрон дар бораи бекор кардани низоми раводид дар моҳи ноябри соли 2023 имзо шуда буд.
Бар асоси ин ҳуҷҷат, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон метавонанд бидуни раводид то 30 рӯз ба кишварҳои ҳамдигар сафар карда, то ин муддат иқомат дошта бошанд.
Сипас ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки аз 10 августи соли 2024 Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ мавриди амал қарор гирифт.
Дар асоси Ёддошти тафоҳуми мазкур дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии ҳарду ҷониб ҳуқуқ доранд дар давоми 90 рӯз аз лаҳзаи вуруди аввалинашон ба муҳлати 30 рӯз бидуни раводид ба ҳудуди тарафҳо сафар намоянд.
Амалишавии низоми бераводид дар марҳилаи аввал танҳо барои нафароне роҳандозӣ мегардад, ки аз масири ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе истифода мебаранд.