Таҳсили 1642 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон

Педагогический университет им Садриддина Айни, архивное фото
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон даҳ шаҳрванди хориҷӣ ба сифати омӯзгор аз ҷумла аз кишварҳои ИМА, Эрон, Корея Чин ҷалб намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Роҳбари Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар Донишгоҳ дар ҳоли ҳозир 1642 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил мекунанд.
Оқои Ибодуллозода, афзуд, ки аз дар ин донишгоҳ аз кишвари Туркманистон 7 нафар, аз Ӯзбекистон 1594 нафар, аз Қазоқистон 4 нафар, аз Покистон 1 нафар, аз Афғонистон 13 нафар, аз Чин 22 нафар, аз Олмон 1 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Инчунин вай гуфт, ки дар Донишгоҳи мазкур 10 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба сифати омӯзгор ва шунаванда дар донишгоҳ фаъолият менамоянд.
Начало нового учебного года в вузах
Дар Русия беш аз 36 ҳазор донишҷӯ ва аспиранти тоҷик таҳсил мекунад
“Аз Ҷумҳурии Халқии Чин 2 нафар омӯзгор ва 1 нафар шунаванда, аз Ҷумҳурии Корея 2 нафар омӯзгор, аз Эрон 1 нафар шунаванда, аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 3 нафар шунаванда дар Донишгоҳи омӯзгорӣ фаъолият менамоянд”, - қайд кард раҳбари Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон.
Ҳамчунин вай илова кард, ки дар шуъбаи ғоибонаи зинаи магистратура 22 нафар шаҳрвандони Чин таҳсил доранд.