Раҳмон Лукашенкоро бори дигар барои президент шуданаш табрик гуфт

Александр Лукашенкои 69-сола барои бори ҳафтум раисҷумҳури Белорус интихоб шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом дод
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон бо Александр Лукашенкоро ба муносибати аз нав интихоб гардиданашон ба маснади олии давлатии Беларус самимона табрик гуфт.
“Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Лукашенко сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин бар нафъи рушду пешравии минбаъдаи мардуми дӯсти Беларус орзу намуд”, - қайд кардааст Хадамоти матбуот.
Қайд карда шудааст, ки дар рафти суҳбат кишвардори Тоҷикистон аз саҳми Александр Лукашенко дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар таъкид кардааст.
Интихобот дар Беларус: Лукашенко гуфт, барои интиқоли қудрат ворис намеҷӯяд
“Дар ин зимн ҷараёни хуби рушди шарикии стратегии ду кишвар зикр карда шуд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин, раисҷумҳури Тоҷикистон ба унвонии Александр Лукашенко дар иртибот ба пирӯзиаш дар интихоботи Президенти Беларус барқияи табрикотӣ ирсол намуданд.
Александ Лукашенкои 69-сола барои бори ҳафтум раисҷумҳури Белорус интихоб шуд. Ӯ дар соли 1994 дар даври дуюми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баранда шуда ва дар соли 1996 аз тариқи ҳамапурсӣ муддати раёсати ҷумҳурии худро то соли 2001 тамдид карда буд.
Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, президенти феълии ин кишвар бо касби 86,82 дарсади овозҳо баранда шуд, иброз дошт намояндаи КМИ Белорус.