ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) истеҳсоли маҳсулоти саноат афзуд.
Ба иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё аз моҳи январ то октябри соли 2024 дар тамоми кишварҳои ИИАО афзоиши тавлидоти саноатӣ мушоҳида шудааст.
Ба иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё аз моҳи январ то октябри соли 2024 дар тамоми кишварҳои ИИАО афзоиши тавлидоти саноатӣ мушоҳида шудааст.
Ҳамин тариқ дар Арманистон — 11,7%, дар Белорус — 6,2%, дар Қирғизистон — 5,3%, дар Русия — 4,4%.
Дар ҳамин ҳол, Қазоқистон аз рӯи суръати афзоиши истеҳсолоти саноатӣ дар байни кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё натиҷаи бадтаринро нишон дод - аз рӯи натиҷаҳои моҳҳои январ-октябр ин рақам 2,6% буд.
Ба иттилои расонаҳои Қазоқистон, ҷумҳурӣ бо сабаби кам шудани ҳачми хизматрасонӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва шабакаи фозилоб, натиҷаҳои паст нишон додааст.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.