ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "ТоҷикЭйр" дар масири Душанбе-Панҷакент-Душанбе" нахстин парвоз анҷом дод, хабар медиҳад ҳукумати шаҳри Панҷакент.
Ба иттилои манбаъ, парвозро ҳавопаймои АН -28 анҷом дод ва 17 мусофирро дар муддати ҳамагӣ 40-45 дақиқа аз Душанбе ба Панҷакент бурда расонд.
Бояд гуфт, нахустин парвоз дар ин самт бояд 14 январ анҷом меёфт, вале бинобар номусоид омадани боду ҳаво парвоз ба таъхир гузошта шуд.
Зимнан, чанд парвози ба нақшагирифта низ маҳз ба ҳамин сабаб анҷом дода нашуданд ва билохира бо мусоид омадани ҳаво 17 мусофир имкон пайдо кардани, ки аз Душанбе ба Панҷакен дар муддати кутоҳ тариқи ҳавопаймо парвоз кунанд.
Нархи чипта 400 сомонӣ буда, ҳар ҳафта дар ин масир бояд се маротиба: рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе бо мусоид омадани ҳаво парвозҳо сурат гиранд.
Бар замми Панҷакент ширкати мазкур ҳамчунин самти ВМКБ ва Кӯлоб низ парвозҳо анҷом медиҳад.