Абдуллозода аз пизишкон хост, нисбати беморон хушмуомила бошанд

Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения РТ
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ роҳбарони беморхонаҳои марказӣ ва марказҳои саломатии шаҳру ноҳияро ба Вазорати даъват карда, бо онҳо вохӯрӣ доир намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо роҳбарони беморхонаҳои марказӣ ва марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯрӣ доир кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар дод.
Манбаъ ҳадафи ба Вазорати даъват шудани роҳбарони беморхонаҳо ва марказҳои саломатиро баррасӣ кардани масъалаҳое, ки роҳбари давлат зимни паёми солонаи худ перомуни вазъи тандурустӣ дар ҷумҳурӣ баён дошт, арзёбӣ кард.
Абдуллозода бо истинод ба суханҳои президент гуфт, ки дар ин соҳаи басо муҳим камбуду мушкилоти зиёд мавҷуд аст ва бояд бартарафу ислоҳ шаванд.
Здание Министерства здравоохранения
Дар Тоҷикистон фаъолияти 600 иншооти тандурустӣ манъ шуд: Вазорат сабабашро шарҳ дод
Вазир аз ҷумла хост, то суръати сохтмону азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ тезонида шавад.
Масъалаи маводи доруворӣ ва ғизоӣ, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои солимии модару кӯдак, муоширати хуб бо беморон, такмили ихтисос дар ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар аз масъалаҳое буданд, ки президент дар паёми худ зикр кард ва вазир ҳамроҳ бо ҳамкасбони худ мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод.
Вазорат иттилоъ дод, ки дар вохӯрӣ ҳамзамон масъалаи дар ноҳияи Рашт таъсис додани Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илми хун" баррасӣ шуд.