Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Артиши Русия имкон надод, то Украина техникаи ҳарбиро ба Запороже интиқол диҳад

Нерӯҳои мусаллаҳи Русия интиқоли таҷҳизоти низомии нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба Запорожеро имкон надоданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Авиатсия ва артиллерияи Русия ба ду қитъаи хатти ҷабҳа дар Запороже чандин зарба заданд, ки дар натиҷа артиши Украина натавонсит ба ин минтақа таҷҳизоти ҳарбиро интиқол диҳад.
Дар ин бора Владимир Рогов, раиси комиссияи Палатаи чамъиятии Русия оид ба масъалаҳои соҳибихтиёрӣ ва ҳамзамон намояндаи Шӯрои координатсионӣ оид ба ҳамгироии минтақаҳои нав хабар дод.
"Авиатсия ва артиллерияи фронтии мо дар минтақаи Малая Токмачка ва Каменское зарбаҳои пешгирикунанда анҷом дода, интиқоли техникаи низомии қувваҳои мусаллаҳи Украинаро ба хатти ҷабҳа халалдор карданд. Зарбаҳо муваффақ ва муассир буданд", - гуфт Рогов.
Бояд гуфт, вилояти Запороже як вилояти Русия аст, ки дар поёноби дарёи Днепр воқеъ аст. Дар пайи раъйпурсии моҳи сентябри соли 2022 ин вилоят ба ҳайати Русия шомил шуд.
Талафоти артиши Украина дар вилояти Курск Русия ба 54 ҳазор нафар расид
Киев натоиҷи онро эътироф намекунад ва тирборони қаламравро идома медиҳад. Дар ҳоли ҳозир беш аз 70 % вилояти Запороже таҳти назорати Русия қарор дорад, боқимонда, аз ҷумла маркази вилоят, шаҳри Запороже, дар ихтиёри нерӯҳои Украина қарор дорад.
Аз моҳи марти соли 2023 шаҳри Мелитопол муваққатан ба маркази маъмурии вилоят табдил ёфт.