ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Зафар Саидзода, сарконсули Тоҷикистон дар Екатеринбург аз вазифа озод карда ҳуд.
Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, фармони барканории ӯро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон имзо кард.
Манбаъ сабаби барканории дипломатро "расидан ба синни нафақа" арзёбӣ кард.
Дар ин ниҳод гуфтанд, ки ҳоло ба ҷойи Зафар Саидзода касе таъйин нашудааст ва дар сурати тағйирот маълумот хоҳанд дод.
Ҳолномаи Зафар Саид
Зафар саид соли 1961 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.
Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, корашро аз омӯзгорӣ дар ин донишгоҳ оғоз кард.
Баъдан дар вазифаҳои мудири шуъбаи идеологии Кумитаи Марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, сармутахассиси Кумитаи кор бо ҷавонони Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, сармутахассиси дафтари матбуотии президент ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи ноябри соли 1995 то моҳи декабри соли 2003 котиби матбуотии президенти Тоҷикистон.
Як замон роҳбарии АМИТ "Ховар" -ро ба уҳда дошт.