ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Юсуф Раҳмон, ки 10 сол боз додситони кулли Тоҷикистон буд, акнун бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат аз ин вазифа барканор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти президент хабар дод.
Дар фармони барканории Юсуф Раҳмон омадааст, ки ӯ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа сабукдӯш карда шуд. Вале ҳоло маълум нест. ки собиқ додстони кулли Тоҷикистон чӣ вазифа гирифтааст.
Зимнан, бо фармони дигари роҳбари давлат, ба курсии Додситонии кулли Тоҷикистон Воҳидзода Ҳабибуло Сайдулло таъйин гардид.
Номбурда то ин замон муовини прокурори генералӣ - сарпрокурори ҳарбӣ ифои вазифа мекард.
Юсуф Раҳмон кист?
Раҳмон Юсуф Аҳмадзод 22 марти соли 1966 дар ноҳияи Восеъ, вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Миллаташ тоҷик.
Соли 1991 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро (алҳол Донишгоҳи миллӣ) хатм карда, дар вазифаҳои гуногун фаолият намудааст.
Аз июли соли 1991 — муфаттиши прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе.
Аз августи соли 1992 — муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе.
Аз феврали соли 1993 – муфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз ноябри соли 1993 — муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз декабри соли 1995 — прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе.
Аз феврали соли 1997 – муовини сардори Раёсат – сардори шӯъбаи тафтишотии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз октябри соли 1998 — Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе. Аз июни соли 2002 — Прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе. Аз феврали соли 2004 – муовини Прокурори генералӣ – Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз 5 марти соли 2010 то 30 январи соли 2012 — Прокурори вилояти Суғд. Аз 30 январи соли 2012 то 14 декабри соли 2014 – сардори шӯъбаи бехатарии ҷамъиятии Дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз 14 декабри соли 2014 то 23 январи соли 2015 – муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз 23 январи соли 2015 – Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Генерал-полковники адлия буда, донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд аст.