ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ҳар яке аз кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии авруОсиё (ИИАО) дар ҳоли ҳозир масъалаҳои марбут ба саноатро мустақилона ҳал мекунанд.
Дар ин бора Станислав Притчин, роҳбари бахши Осиёи Марказӣ дар Институти иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналхалқии Академияи илмҳои Русия ба номи Е.М. Примаков зимни нишасти телеконфронси маркази матбуоти мултимедиявии Sputnik Беларус.
"Мо воқеан то ҳол ягон нақшаи муштараки саноатӣ надорем", - гуфт таҳлилгар.
Коршинос барои мисол бахши мошинсозии роҳи оҳанро зикр кард. Як қатор барномаҳо дар ин самт дар яке аз кишварҳои бузурги ИИАО – Қазоқистон мустақилона бо ширкатҳои ғарбӣ таҳия карда мешаванд.
Ҳарчанд, ба гуфтаи Притчин, бо дарназардошти пешрафтҳои чунин истеҳсолкунандагони бузурги Русия, ба мисли "Трансмашхолдинг", дар стандартҳои ягона бо дигар давлатҳои Иттиҳод сохтани он хеле мантиқтар мебуд.
Дар ҳамин ҳол, Қазоқистон воқеан ба як қатор ширкатҳои русӣ, ки таҳти таҳрим қарор доранд, кумак кардааст.
Масалан, иншоотхои васлкунии яке аз марказҳои машҳури мотосиклҳо ба Қазокистон гузаронда шуданд. Ин ба мо имкон дод, ки молрасониро ба бозорҳои ИМА ва дигар кишварҳои ғарбӣ идома диҳем.
"Албатта, ин як сигнали мусбат аст... Аз ин нуқтаи назар, ки мо имкон дорем, ҳамдигарро дастгирӣ кунем", - қайд кард коршинос.
Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир дар Қазоқистон тақрибан нисфи ширкатҳо, ки бо ширкатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ мекунанд ҳатман бо Русия алоқаманданд.