ДУШАНБЕ, 23 янв – Sputnik. Сокинони наздимарзии шаҳри Исфара ва ноҳияи Ботканд субҳи имрӯз дар якҷоягӣ барои тоза намудани саҳну атрофи гузаргоҳҳои наздимарзӣ ба ҳашари дастаҷамъӣ баромадаанд.
Дар ин бора Зубайдулло Шомадов, масъули матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба иттилоъи манбаъ сокинон дар минтақаи "нейтрали"-и гузаргоҳи “Гулистон”-и шаҳри Исфара ҳаммарз бо гузаргоҳи “Қизилбел”-и ноҳияи Ботканд ба тоза намоии роҳравҳо ва ҷӯйборҳо машғул шудаанд.
“Аз роҳандозии ин маъракаи дастаҷамъӣ сокинони наздимарзӣ изҳори хушнудӣ карданд ва ҳама бо завқ ба тозакунии саҳну атрофи гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ ҳиссагузорӣ намуданд” – зикр кард, Шомадов.
Номбурда қайд кард, ки дар ҳашар беш аз 400 нафар ба ҳисоби раисони шаҳри Исфара ва ноҳияи Ботканд, Баҳоваддин Баҳодурзода ва Учқунбек Ҷоробоев иштирок карданд.
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ пас аз анҷоми ҳашари ободонӣ сокинони шаҳри Исфара ва ноҳияи Ботканд сари як суфра нишаста дар фазои дустӣ ва ойини ҳамсоядорӣ ҳамроҳ ош тановул кардаанд.
Ин барои аввалин бор аст, ки сокинони наздимарзӣ баъди баста шудани марзҳо дар якҷоягӣ ба ҳашар баромада дастаҷамъона барои ободкориҳои дар марз саҳмгузорӣ мекунанд. Ин кор зоҳиран як қадами нек дар роҳи боз шудани марзҳоро таҷассум менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 8 январ дар марзи миёни Исфара ва Ботканд мулоқоти сарвазирони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар марз шурӯъ шуд.
Дар он Қоҳир Расулозода, сарвазири Тоҷикистон, Одилбек Қосималиев, раиси Девони вазирони Қирғизистон ва Абдулло Орипов, сарвазири Ӯзбекистон дар марз гирди ҳам омаданд
Комиссияи байниҳуқуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи декабри соли 2024 эълом доштанд, ки сарҳади давлатиро байни ҳам пурра муайян намуданд.