Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

"Оши оштӣ” ва ҳашари дастаҷамъии сокинони Исфараву Бодканд дар марз

Дар ҳашари дастаҷамъӣ дасти кам 400 нафар аз сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон иштирок намуданд
Sputnik
Сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон муштаракан атрофи гузаргоҳҳои наздимарзиро тоза карданд.
Аз ҷумла гузаргоҳи "Гулистон" -и Исфара ва "Қизилбек" -и Қирғизистон аз сӯи сокинони наздимарзӣ поккорӣ шуд.
Дар ин ҳашар ба иттилои Зубайдулло Шомадов, масъули матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара, дасти кам 400 нафар иштирок доштанд.
“Оши оштӣ” ва ҳашари якҷоя: Поккориҳои сокинони Исфараву Ботканд дар марз - акс
Ба таъкиди ӯ, пас аз анҷоми корҳои тозакунӣ сокинони наздимарзӣ сари як суфра нишаста, дар фазои дӯстӣ ва ойини ҳамсоядорӣ ҳамроҳ ош тановул карданд.
Ҷараёни ҳашари сокинони наздимарзиро аз видеои омоданамудаи Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.