ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Нависанда, рӯзноманигор ва блогнависи шинохтаи тоҷик Ҳабиб Саид дар Русия даргузашт.
Дар ин бора пайвандони адиб ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
“Ҳабиб солҳои зиёд дар шаҳри Кувандики Оренбург зиндагӣ доштанд ва шоми гузашта дар синни 71 - солагӣ аз олам гузаштанд”, - афзуд манбаъ.
Манбаъ гуфт, қарор аст, ҷасади марҳум ба Тоҷикистон интиқол ва дар зодгоҳаш шаҳри Исфара дафн шавад.
Ҳабиб Саид зодаи шаҳри Душанбе буда, соли 1953 ба дунё омадааст. Марҳум писари нависандаи шинохта Лутфӣ Саид аст.
Ҳабиб Саид хатмкардаи Донишкадаи кишоварзӣ бошад ҳам, вале ба ҳайси кафшегар, челонгар, муҳандис, геолог, технолог, рӯзноманигор, шореҳи сиёсии радио кору фаъолият низ намуда буд.
Ӯ дар солҳои охир силсилаи блогу саҳифаҳоро дар бахши адабиёт, сиёсат, фарҳанг ва ходимони маъруфи Тоҷикистон дар Интернет гардонандагӣ мекард. Дар саҳифаи ӯ дар Ютуб мусиқӣ ва гуфтору наворҳои нодире аз даврони Шӯравии собиқ ҷой ёфтаанд.