Вазир гуфт дар соли 2025 иқтисоди Тоҷикистон чанд фоиз рушд мекунад

Вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт, ки дар соли 2025 суръати рушди иқтисоди кишвар дар сатҳи на кам аз 8 фоиз пешбинӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 янв— Sputnik. Вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқи Завқизода ахиран дар ҷаласае гуфт, ки дар соли 2024-ум ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 153,4 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд.
Вай таъкид кард, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат дар 5 соли ахир 74,3 млрд. сомонӣ ё 2,2 маротиба ва даромади пулии аҳолӣ 99 млрд. сомонӣ ё 3 баробар афзоиш ёфт.
Завқизода афзуд, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоиз (8,5 фоиз бе назардошти соли 2020 – соли паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19)-ро ташкил дод, ки нисбат ба 5 соли қаблӣ (2015-2019) 0,7 (1,5) банди фоизӣ баланд аст.
Ҳамзамон вай илова кард, ки дар соли 2025 тавассути иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида таъмин намудани суръати рушди иқтисоди кишвар дар сатҳи на кам аз 8 фоиз пешбинӣ шудааст.
БРАО гуфт, ки иқтисоди Тоҷикистон рушд кардааст
Вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар ин ҷаласа ба масъулини соҳа супориш дод, ки корҳоро дар самти истифодаи модели муосири макроиқтисодию эконометрикӣ ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ тақвият дода, ҳангоми таҳияи он манбаъҳои иловагии рушд ва шиддатнокии нишондиҳандаҳо ба инобат гирифта шавад.
Илова бар ин дар соли 2025-ум масъулин бояд доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва ташаккули "иқтисоди сабз" тадбирҳои мушаххас андешиданд.