Раҳмон ба Эрдуғон барқияи ҳамардӣ ирсол намуд

Президенти Тоҷикистон ба Президенти Туркия бинобар ҷон бохтан ва осеб дидани зиёди одамон дар сӯхтори меҳмонхона барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 янв— Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол ирсол намуд.
Дар ин бора дафтари матуботи президенти Тоҷикистон хабар дод.
Президент гуфтааст, хабари ҷон бохтан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон бар асари сӯхтор дар меҳмонхонаи осоишгоҳи Карталкая дар музофоти Болуи Туркия боиси андуҳи амиқи мо гардид.
“Дар робита ба ин ҳодисаи фоҷеабор ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо, мардуми Туркияи дӯст ва пайвандону наздикони фавтидагон иброз намуда, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”, - қайд кардааст Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи изҳори тасаллиаш.
Минтақаҳои Тоҷикистону Туркия ҳамкориҳоро тақвият медиҳанд
Ёдовар мешавем, ки ба асари сӯхтор дар як меҳмонхонаи лижаронии Карталкая дар шимолу ғарби Туркия наздик ба 80 нафар ҷон бохтанд.
Ба иттилои вазорати беҳдошти Туркия, шумори қурбониёни сӯхтори субҳи имрӯз дар як меҳмонхонаи лижаронии Карталкая дар шимолу ғарби Туркия ба 76 нафар расида ва беш аз 50 нафар маҷрӯҳ шудаанд.