Дар Хатлон садҳо рӯйпӯшкунии ҷиноят аз сӯйи мақомоти корҳои дохилӣ ошкор шуд

Прокуратураи вилояти Хатлон садҳо корманди мақомоти корҳои дохилиро барои даст задан ба рӯйпӯшкунии ҷиноят ба ҷавобгарии кашидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 янв— Sputnik. Прокуратураи вилояти Хатлон хабар додааст, ки 212 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои даст задан ба рӯйпӯшкунии ҷиноят ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд.
Ҳамчунин прокуратураи вилояти Хатлон хабар додааст, ки дар самти мубориза бо коррупсия аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилоят 460 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор намудааст.
Ба иттилои манбаъ, ба 654-тои онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда, маблағи зарари ошкоршуда 8 миллион сомонӣ ташкил намудааст.
“Ба фоидаи давлат 4,1 миллион сомонӣ дар рафти пешбурди парвандаи ҷиноятӣ барқарор карда, ҳамзамон дар ин самт 104 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст”,- қайд кардааст прокуратура.
Ҷиноят дар Тоҷикистон кам шуд
Ҳамзамон ба иттилои манбаъ, дар ин самт аз ҷониби прокуратураи вилоят 13 ҷинояти додану гирифтани пора ошкору ба қайд гирифта шудааст.
Прокуратураи вилояти Хатлон инчунин хабар додааст, ки кормандони ин ниҳод кушторҳои солҳои пешинро низ ошкор карданд.
“Прокуратура ба ошкоркунии кушторҳои солҳои пешин фаъолиятро ҷоннок намуда, тамоми чораҳои дахлдорро дар ин самти фаъолият андешида истодааст”, - қайд кардааст прокуратура.
Ба иттилои ин ниҳод, дар соли 2024 аз ҷониби муфаттишон боз 6 парвандаи ҷиноятӣ оид ба 9 ҳодисаи кушторҳои қасдонаи солҳои пешин мавриди тафтиш қарор дода шуда, 5 парвандаи ҷиноятиро нисбати 7 нафар бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол намудаанд.