Фонди ҷоизаи мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон маъхлум шуд

Фонди ҷоизавии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон -2025 100 ҳазор сомониро ташкил мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) зери сарпарастии бевоситаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ доир мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ФФТ.
Ба иттилои ФФТ, ғолиби мусобиқаи 50 ҳазор, барандаи медали нуқра 30 ва медалҳои биринҷӣ 20 ҳазор сомонӣ мукофот мегиранд.
Мавриди зикр аст, ки ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа чор даста аз минтақаи Душанбе ва дутои даста аз минтақаҳои Хатлону Суғд роҳ меёбанд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дастаи “Равшан” дар финали Ҷоми ФФТ бар “Ҳосилот” бо ягона голи Бахтиёр Зарипов зафар ёфта, бори аввал дар таърих ғолиб шуда буд. “Ҳосилот” соҳиби нишонҳои нуқра ва КМВА барандаи нишонҳои биринҷии мусобиқа гардиданд. Бахтиёр Зарипов аз ҳайати “Равшан” беҳтарин бозигари вохӯрӣ дониста шуд.
Маълум шуд, мавсими нави чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол кай шурӯъ мешавад
Ғолибони Ҷоми ФФТ дар панҷ соли ахир:
2020 – "Равшан" (Кӯлоб) – "Кӯктош" (Рӯдакӣ) – 1:2
2021 – "Хатлон" (Бохтар) – "Истиқлол" (Душанбе) – 0:1
2022 – "Ҳосилот" (Фархор) – "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода) – 0:4
2023 – КМВА (Душанбе) – "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода) – 2:1
2024 – “Равшан” (Кӯлоб) – “Ҳосилот” (Фархор) – 1:0