ДУШАНБЕ, 20 янв— Sputnik. Дастаи футболи ҷавонони Украина “Шахтёр” аз бозӣ бо тими миллии Тоҷикистон (U-17) даст кашид.
Аз ФФТ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҷониби Украина як рӯз пеш аз дидор хабардор карданд, ки бозӣ намекунанд.
“Намояндагони даста маъзарат хостанду гуфтанд, ки бозӣ карда наметавонанд”,- афзуд манбаъ.
Қарор буд рӯзи 17-уми январ мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар доираи ҷамъомади тамринӣ дар Туркия бо дастаи ҷавонони то 19-солаи "Шахтёр"-и Украина бозии санҷишӣ анҷом диҳад.
Вале баъдан ин бозӣ лағв шуд ва наврасони тоҷик як рӯз баъд, яъне 18-уми январ ба ҷои ҷавонони "Шахтёр" бо "Спартак"-и Сербистон бозӣ карданд.
Ба иттилои ФФТ, дар натиҷа ҷавонони тоҷик дастаи "Спартак"-и Сербияроо шикаст доданд ва бозиро бо ҳисоби 1:5 анҷом доданд.
Ба иттилои нашрияҳои украинӣ, дастаи "Шахтёр" баъди фаҳмидани он ки наврасони Тоҷикистон қаблан бо тими милли наврасони то 16-солаи Русия бозӣ кардаанд, аз бозӣ бо Тоҷикистон даст кашидааст.
Бояд гуфт, бозии навсрасони Тоҷикистон бо наврасони Русия моҳи феврали соли 2023 дар мусобиқаи Ҷоми рушд дар Беларус сурат гирифта буд.
Маврид ба зикр аст, ки тамринҳо дар Туркия яке аз марҳилаҳои омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми Осиё-2025 мебошад, ки аз 3-юми апрел то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.