Сиёсатшинос: дар Олмон аз муколамаи Путин ва Трамп метарсанд

Рабочий визит президента РФ В. Путина в Японию для участия в саммите Группы двадцати
Элитаҳои олмон метарсанд, ки Украина пас аз расонидани кӯмак 20% қаламрави худро аз даст медиҳад, мегӯяд сиесатшиноси олмонӣ
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Дар Олмон метарсанд, ки президенти Русия Владимир Путин ва президенти интихобшудаи Амрико, Доналд Трамп метавонанд дар бораи ҳалли сулҳомези низоъ дар Украина ба мувофиқа расанд.
Дар ин бора дар шабакаи Telegram- сиёсатшиноси олмонӣ Александр Рар изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, аврупоиҳо аз он ки Украина пас аз расонидани кӯмак 20% қаламрави худро аз даст медиҳад, "дар ҳаросанд".
Аз ҳама бештар элитаҳои олмонӣ метарсанд, ки ТрампвВа Путин метавонанд дар бораи ҳалли сулҳ дар Украина созиш кунанд. Аврупоиҳо аз як идея метарсанд, ки Украина 20% қаламрави худро аз даст медиҳад, пас аз кумакҳои барзиёди НАТО ва ИА", - навиштааст Рар.
Избранный президент Дональд Трамп выступает во время пресс-конференции в Мар-а-Лаго, США
Трамп шарти мулоқот бо Путинро эълон кард
Ба ақидаи ӯ, элитаҳо намедонанд, ки оянда онҳоро чӣ интизор аст, аммо то ҳол онҳо фикр мекунанд, ки "давлати амиқи ИМА ба президенти навтаъин иҷозат намедиҳад, ки чунин рафтор кунад".
Президенти интихобшудаи ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки раҳбари русия Владимир Путин изҳори хоҳиш кардааст, ки бо ӯ мулоқот кунад ва ҷонибҳо ба чунин мулоқот омодагӣ мегиранд.
Дар навбати худ, раҳбари Русия Владимир Путин моҳи декабр дар як хати мустақим изҳор дошт, ки барои сӯҳбат ва мулоқот бо Трамп омода аст ва қайд кард, ки агар он баргузор шавад, ду президент дар бораи он сӯҳбат хоҳанд кард.