ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik Дар Душанбе садамаи маргбори нақлиётӣ рух дод, ки дар натиҷа як корманди БДА, майори милитсия ҷон аз даст дод.
Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Манбаъ афзуд, садама ба айби ронандаи 22 - сола, сокини шаҳри Душанбе руз дод, ки мошини падарашро бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ дар ҳудуди шаҳр идора карда, қоидаҳои ҳаракати роҳро дағалона вайрон намудааст.
Зикр гардид, ки ӯ чандин маротиба ба талаботи кормандони бозрасӣ итоат накарда, дар кӯчаи Саъди Шерозӣ, корманди бозрасӣ - майори милитсияро, ки ҳангоми адои иҷрои хизмат буд пахш карда, аз ҷойи ҳодиса фирор намуд.
"Корманди БДА ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба бемористон интиқол додан дар роҳ ҷон аз даст дод", - омадааст дар хабари манбаъ.
РВКД мегӯяд, ронанда дар ҳолати пахш кардани корманди милитсия сархуш буд ва ҳоло нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (212 ва 127) кушода шудааст.
Бояд гуфт, ба ронанда боз шудааст Дар натиҷа, Сайдализода Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расид. Шарифзода Анушервон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ бо моддаҳои 212 ва 127 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Ба боздоштшуда бар асоси ҳар ду модда то 9 соли маҳрумият аз оходӣ таҳдид мекунад.