Як шаҳрванди Тоҷикистон бо дархости Интерпол дар Русия боздошт шуд

Боздоштшуда дар қаллобӣ ба маблағи қариб 20 миллион рубли русӣ гумонбар дониста мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Дар Приморскии Русия як шаҳрвандони 37 - солаи Тоҷикистон аз сӯи кормандони пулис боздошт шуд, хабар дод Раёсати ВКД дар ин минтақа.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда дар Тоҷикистон ба қаллобӣ ба маблағи наздики 20 млн рубл гумонбар дониста мешавад.
Гуфта мешавад, дархости боздошти ӯ тавассути Интерпол ирсол шудааст.

"Кормандони Раёсати корҳои дохилии Приморск муайян кардаанд, ки як шаҳрванди Тоҷикистон, ки тавассути Интерпол дар кофтукови байналмилалӣ қарор дорад, дар ҳудуди ноҳияи Артемовский зиндагӣ мекунад", - омадааст дар хабари манбаъ.

Зикр гардид, ки боздоштшуда дар Тоҷикистон ба як ҳамватани худ ба маблағи 2 150 000 сомонӣ, муодили 19,5 млн рубли русӣ зарар расондааст ва ба хотири халос шудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ Тоҷикистонро тарк карда ба Русия сафар кӯч баст.

Маълум нест, ки ӯ ба чӣ хотир ин миқдор маблағи калонро гирифта, дигар барнагардондааст. Илова бар ин, кай аз Тоҷикистон фирор кардани ӯ низ зикр нашудааст.
Муҳоҷирон изи ангуштро акнун дар тамоми гузаргоҳҳои марзии Русия месупоранд
Ҳоло додгоҳ нисбати ӯ чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс интихоб кард. Айбдоршаванда дар СИЗО аст ва масъалаи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон ҳал мешавад.