ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар тӯли як ҳафта Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҳашт ҳамлаи гурӯҳӣ бо аслиҳаи дақиқ ба иншоотҳои муҳими Украина анҷом доданд.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия хабар дод.
Манбаъ афзуд, ки иншооти муҳими инфрасохтори газ ва энергетикӣ дар Украина, ки фаъолияти маҷмааи ҳарбӣ-саноатии Украинаро таъмин мекунанд, пас аз ҳамлаи артиши Русия хисороти ҷиддӣ дид.
Илова бар ин, давоми ҳафт рӯзи ахир анборҳои аслиҳа, анбори сӯзишворӣ ва инфрасохтори фурудгоҳи ҳарбӣ мавриди ҳамла қарор гирифт.
Ба ҷойҳои нигаҳдории бесарнишинҳо низ ҳамлаи дақиқ сурат гирифт.
Вазорат мегӯяд, дар як ҳафта 49 низомии украинӣ таслим шуд.
Гузашта аз ин, системаҳои дифои ҳавоӣ 12 мушаки оперативӣ-тактикии ATACMS, ҳашт мушаки болдори Storm Shadow, ҳафт бомбаи ҳавоии идорашавандаи Hammer, 48 ракетаи HIMARS ва 747 ҳавопаймои бесарнишин нобуд карда шуд.