ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири мамлакат дар қисмати аввали нахустин ҷаласаи васеи ҳукумат дар соли ҷорӣ аз натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2024 ҳисобот дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод.
Ба иттилои сарвазир, соли гузашта аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 247 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шуд, ки аз ин 74 ҳазор доимӣ мебошад.
Илова бар ин, дар ин муддат дар ҳудуди мамлакат 740 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, аз ҷумла 528 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси наздики 20 ҳазор ҷойҳои кории нав, иловагӣ ва барқароршуда мавриди истифода қарор дода шуд.
Расулзода ҳамчунин қайд кард, ки ташкили ярмаркаҳои корӣ низ натиҷаи хуб дода, дар як соли гузашта 22,5 ҳазор нафар тавассути ярмаркаҳо ба намудҳои гуногуни кор таъмин гардиданд.
Ёдовар мешавем, моҳи ноябр дар як маҳфиле дар Душанбе намояндаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ хабар дод, ки дар шаш моҳи соли 2024 аз Русия 17 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шуд.
Зимнан, таъкид шуд, ки дар 9 моҳи соли гузашта беш аз 2 ҳазор муҳоҷири ихроҷшуда барои дарёфти кор ба Вазорати меҳнат муроҷиат карданд ва аз ин миён 595 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид.