Пизишкиён қасд дорад дар Маскав рӯйдодҳои Сурия ва Ғаззаро баррасӣ кунад

Вазорати умури хориҷаи Эрон мегӯяд, президенти ин кишвар қасд дорад дар Маскав рӯйдодҳои Сурия ва Ғаззаро низ баррасӣ кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон, ки барои имзои созишномаи шарикии стратегӣ бо Русия вориди Маскав шудааст, қасд дорад, дар ҷараёни ин сафар рӯйдодҳои Ховари Миёна ва ҷаҳон, аз ҷумла Сурия ва навори Ғаззаро баррасӣ кунад.
Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Эрон хабар дод.
Қаблан Русия ва Эрон дар бораи як созишномаи шарикии стратегии ҳамаҷониба ба мувофиқа расида буданд.
Истиқболи расмии Пизишкиён дар Душанбе: ӯ гуфт омодаи ҳамкорӣ дар ҳама самтҳо ҳастанд
Ба гуфтаи Қозим Ҷалолӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав, ин созишнома, ки банди эҳтиром ба тамомияти арзиро дар бар мегирад, аз 47 модда ва муқаддима иборат буда, ба манзури таъмини ҳамкориҳои мутавозини ду кишвар амалӣ хоҳад шуд.
"Нуктаи марказии ин сафар имзои созишномаи шарикии стратегӣ миёни ду кишвар аст, аммо табиист, ки ин фурсат барои баррасии ҷанбаҳои мухталифи равобити ду кишвар, таҳаввулоти минтақа, аз ҷумла тағйирот дар Осиёи Ғарбӣ, хусусан дар Сурия ва Ғазза ва инчунин рӯйдодҳои арсаи байналмиллалӣ мебошанд", - гуфтааст намояндаи расмии вазорат.
Бино ба иттилои Кремл, музокироти Путин ва Пизишкиён рӯзи 17 январ баргузор шуда, дар ҷараёни он раҳбарон ният доранд дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили кунунии минтақавию байналмилалиро баррасӣ кунанд.
Илова бар ин, дар пайи музокирот, раисҷумҳурҳо созишномаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Русия ва Эронро имзо карда, ба расонаҳо изҳорот медиҳанд.