Омӯзгор аз Русия барандаи ҷоизаи "Топ-50" дар Тоҷикистон шуд

Дар Душанбе маросими супурдани Ҷоизаи XIII миллӣ баргузор шуд. Дар он шахсоне, ки дар рушди ҷомеаи Тоҷикистон саҳми хосса гузоштаанд, қадрдонӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Иштирокчии лоиҳаи "Муаллими рус дар хориҷа" барандаи ҷоизаи миллии Тоҷикистон "Топ-50" гардид.
Намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон хабар дод, ки ҷоизаро омӯзгори фанни биология ва химияи мактаби миёнаи рақами №20 - и пойтахт Лилия Яруллина соҳиб шуд.
Бо ин ҷоиза шахсонеро, ки дар рушди ҷомеаи Тоҷикистон саҳми хосса гузоштаанд, қадрдонӣ мешаванд.
Ва бори нахуст дар таърих бо вуҷуди он ки ҷоиза ҳамеша ба тоҷикон тақдим мешавад, барандаи он ширкаткунандаи лоиҳаи "Муаллими рус дар хориҷа" шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Россотрудничество дар Тоҷикистон.
"Ин як ҳодисаи нодир аст. Лилия Яруллинаро шогирдон, волидони онҳо ва ҳамкорони муаллими химия ва биология пешбарӣ карда, ба ҷонибдорияш овоз доданд", - нақл кард мудири кулли ширкати телевизион ва радиои "Ватан", созмондиҳандаи ҷоиза Вера Кулакова - Браннеруд.
Дар маросими эътои ҷоиза дастовардҳои афроде, ки дар бахшҳои мухталиф - аз тиҷорат то санъат ва расонаҳо саҳми арзанда гузоштаанд, қадрдонӣ мешавад ва барандагони ин ҷоиза бар асоси раъйдиҳии мардумӣ муайян мешаванд.
Тоҷикистон ба омӯзгорон аз Русия эҳтиёҷ дорад
Намояндагии Россотрудничество қайд кард, ки Яруллина панҷ сол боз дар лоиҳаи "Муаллими рус дар хориҷа" иштирок мекунад ва шогирдонаш пайваста ғолибони озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гардида, ба донишгоҳҳои пешрафтаи Русия дохил мешаванд.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар, зимни суханронӣ дар парлумон гуфта буд, ки дар Тоҷикистон талабот ба омӯзгорони забони русӣ афзоиш меёбад.