Мабатшоев низ тарки "Истиқлол" кард

Бояд гуфт, аз аввали соли равон бошгоҳи "Истиқлол"-ро шаш бохигар, аз ҷумла се футболбози хориҷӣ тарк карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 янв – Sputnik. Шервонӣ Мабатшоев, нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон низ тарки "истиқлол" кард ва акнун фаъолияташро дар бошгоҳи футболи "Капаз"-и Озарбойҷон идома медиҳад.
Дар ин бора дафтари матбуоти ФФТ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Мабатшоев ба ҳайси футболбози озод ба "Капаз", ки дар зинаи 9-уми ҷадвали премйер-лигаи Озарбойҷон қарор дорад, гузариш намуд.
Ӯ то ин дам дар бошгоҳҳои "Барқчӣ", КМВА ва "Истиқлол" бозӣ кардааст.
Мабатшоев аз моҳи июли соли 2021 дар ҳайати "Истиқлол" бозӣ мекунад ва дар ин муддат ҷоизаҳои зиёде ба даст овардааст.Мавсуф дар 29 вохӯрии тими миллӣ 6 гол задааст.
Чаро Камолов “Истиқлол”-ро тарк кард: посухи ФФТ
Қаблан ин дастаро Эҳсони Панҷшанбе ва Камолов Ҳамадонӣ тарк карданд. Якумӣ ба тими "Суғдиёна"- и Ӯзбекистон пайвасту дигарӣ ба дастаи "Гул Гуҳар" -и Эрон.
Ҳамчунин, куби футболи "Истиқлол" шартномаи ҳамкориро бо се футболбози легионер, аз ҷумла ҳимоятгари македонӣ Дарко Илиески ва ҳамлагарон Димитар Митков (Болгария) ва Франческо Марҷиотта (Италия) тамдид накард.