ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳамтои эронияш Масъуд Пизишкиёнро дар таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ба Тоҷикистон даъват кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод ва зикр намуд, ки президенти Пизишкиёнро зимни суҳбати кутоҳ дар ҳузури хабарнигорон дар бинои Қасри миллат барои таҷлили ин ҷашни аҷдодӣ даъват намуд.
Президент аз ҷумла гуфт, ки наврӯз ҷашни хонаводагӣ нест, балки он умумиллӣ аст.
"Ҳама дар он хурсандӣ мекунанд. 12 рӯз на, як моҳ таҷлил мешавад ва тамоми гӯшаю канори мамлакат хурсандӣ мекунад", - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.
Ёдовар мешавем, ки бегоҳи рӯзи 15 январ Масъуд Пизишкиён раисҷумҳури Эрон вориди шаҳри Душанбе шуд.
Раисҷумҳури Эрон дар чорчуби ин сафар ҳамчунин бо Рустами Эмомалӣ, раиси маҷлиси миллӣ ва Муҳаммадтоҳири Зокирзода, раиси маҷлиси намояндагон дидор мекунад.
Пас аз ин, Пизишкиён бо ҳамроҳии Раҳмон дар ҳамоиши муштараки тиҷорӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии ду кишвар ширкату суханронӣ ва ҳамчунин бо эрониёни муқими Тоҷикистон дидор мекунад.
Дар чорчуби сафар Пизишкиён ба Душанбе ҳамчунин азсаргирии Маркази Ҳилоли аҳмар дар шаҳри Душанбе барномарезӣ шудааст.
Дар ҳошияи сафари давлатии раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистони 15 январ дар шаҳри Душанбе маҳфили шеъри Тоҷикистону Эрон, ҳамоиши донишмандону пажӯҳишгарон, маросими азсаргирии фаъолияти муассисаи мироси фарҳанги Форсу тоҷик ва нишаст муштараки фаъолони иқтисодӣ баргузор шуд.
Субҳи рӯзи ҷумъа раисҷумҳури Эрон бо даъвати расмии Владимир Путин президенти Русия ба Маскав сафар мекунад.