ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Дар остонаи ҷашни 80 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Осорхонаи таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ифтитоҳ гардид.
Осорхонаи мазкур дар бинои факултаи таърих ва ҳуқуқ фаъол карда шудааст, гуфт декани ин факулта Иброҳим Ҷабборзода ба Sputnik Тоҷикистон.
“Иқдоми мазкур бо дастури ректори донишгоҳ роҳандозӣ гардида, аҳамияти Ғалабаи бузург, қаҳрамонии фиристодагони Тоҷикистон дар майдони набард, меҳнати шуҷоатноки мардум дар ақибгоҳ ва кӯмак ба фронт, поси хотири бобоёну падарони қаҳрамон, омӯхтани зиндагии ибратбахши онҳо барои насли ҷавон, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, таҳкими ҳофизаи таърихиро таҷассум менамояд”, - зикр кард Ҷабборзода.
Бино ба иттилои манбаъ Осорхона бо маводи ҷолиб маълумоту навиштаҷот, аксу ҳуҷҷатҳо, ашёи (экспонат) таърихӣ, адабиёт, албомҳо доир ба таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ муҷаҳҳаз гардида, доир ба таърихи ҷанг ва Ғалабаи бузург маълумоти муфассалро фарогир аст.
В Худжандском университете открылся Музей истории Великой Отечественной войны
© Sputnik
Экспонатҳои нодир – аслиҳаи ҷангӣ, сару либоси низомӣ, воситаи алоқа, дурбин, ордену медалҳои давраи ҷанг дар шакли асл ва дигар ашёи ҷолиб таваҷҷуҳи бинандагонро ба худ ҷалб месозад.
Дар гӯшаи алоҳидаи осорхона аксу ҳуҷҷатҳо доир ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинобод (ДДОЛ) ба номи С.М.Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров) дар солҳои пурошӯби ҷанг, корнамоии устодону донишҷӯёни донишгоҳ, аз ҷумла шуҷоати донишҷӯи факултети таърих Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизов, бародарон Муҳаммад Осимӣ ва Зайниддин Осимӣ, шаш нафар ректорони донишгоҳ, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, барои мардонагӣ ба мукофотҳои ҷангӣ сазовор гаштаанд, гирд оварда шудааст.
В Худжандском университете открылся Музей истории Великой Отечественной войны
© Sputnik
Масъулини Донишгоҳи Хуҷанд роҳандозии ин ташаббусро армуғон ба истиқболи ҷашни 80-солагии Ғалаба, рамзи посдории хотири ниёгони қаҳрамон ва махзани маълумоти ҳарбӣ - таърихӣ барои донишомӯзон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, таҳкими ҳуввияти миллӣ басо муҳим арзёбӣ мекунанд.