ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Рушди иқтисодӣ дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дида мешавад, иттилоъ дод Комиссияи иқтисождии АвруОсиё.
Манбаъ ба сатҳи рушди ММД дар нуҳ моҳи аввали соли 2024 ишора карда, Қирғизистонро бо рушди 8,4% садрнишин эълон кард. Дар ҷои дуюм Арманистон бо нишондоди 6дарсадӣ қарор дорад.
Рушди ММД дар кишварҳои дигари аъзо чунин аст:
Беларус - 4,5%;
Русия - 4,2%;
Қазоқистон - 4,1%.
Дар маҷмӯъ, ММД кишварҳои ИИАО 4,2% афзуд.
Қаблан Бонки Авруосиёии Рушд иқтисоди Русия пешгӯӣ карда буд, ки афзоиши он дар соли 2025 идома хоҳад ёфт. Таҳлилгарон пешгӯӣ мекунанд:
Афзоиши ММД 2,4% дар заминаи сиёсати ҳавасмандгардонии буҷет ва тавсеаи содирот ба Чин.
Инчунин паст шудани сатҳи таваррум аз ҳисоби фоизҳои баланд ва суст шудани қарз.