Ифтитоҳи пажуҳишгоҳи фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ дар Душанбе

Вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, ки ифтитоҳи Пажуҳишгоҳи фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ барои ташаккули марҳилаи нави иртиботи илмию фарҳангӣ пояи устувор мегузорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе Пажуҳишгоҳи фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ ифтитоҳ гардид
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён таъкид кард, ки ифтитоҳи дубораи Пажуҳишгоҳи фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ барои густариши ҳамкории илмии дуҷониба паёми тоза мерасонад.
“Мо, аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ умедворем, ки самти муҳими идомаи фаъолияти ин муассисаро таҳқиқи муштараки фарҳангии мо ташкил хоҳад дод. Зеро мо аз он қаноатманд ҳастем, ки дар пешниҳоди ҷаҳонишавии ҷашнҳои бузурги ориёии Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада давлатҳои ба ҳамдигар дӯст ва ҳамзабони Тоҷикистон ва Эрон ҳамраъйӣ намуданд",- гуфт Вазири фарҳанги Тоҷикистон.
Гуфта шуд, ки фаъолияти Пажуҳишгоҳи фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995 оғоз гардида, қариб 20 сол идома ёфт.
Эрон мехоҳад теъдоди гардишгарони тоҷикро афзоиш диҳад
Давоми фаъолият ин муассиса дар нашри мероси классикӣ, таҳқиқоти адабӣ ва осори илмию маърифатии бузургони илму адаби тоҷик ва ҳамкории илмию таҳқиқотии муҳаққиқони ҳарду давлат нақши муносиб гузошт.
Бо кӯшиши ин пажуҳишгоҳ маҷмуаи ашъори шоирони муосири тоҷик Низом Қосим, Фарзона, Гулрухсор, Сайдалӣ Маъмур, Доро Наҷот ва дигарон ба хати форсӣ нашр гардид.
Ин муассиса дар таҳқиқи забоншиносӣ низ корҳои назаррасе ба анҷом расонидааст.
"Дар идомаи фаъолияти Пажуҳишгоҳи фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ боварӣ дорам, ки таҳқиқот доир ба мероси муштарак, тарғиби дастовардҳои адабию фарҳангӣ, таърихӣ ва мусиқии миллатҳо гузаронида мешавад",- гуфт Вазири фарҳанги Тоҷикистон.
Инчунин гуфта шуд, ки дар ин пажуҳишгоҳ барои муаррифии фарҳангӣ ва таҳқиқи осори пурғановати нависандагону шоирони ду давлат дар оянда корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба анҷом мерасанд.