ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Миёнаравҳо аз Қатар, ИМА ва Миср дар мавриди оташбас дар навори Ғазза ба тавофуқ расиданд, гуфт Муҳаммад бин Абдурраҳмон Оли Сонӣ, нахуствазири Қатар ва вазири умури хориҷии Қатар дар нишасти хабарӣ, хабар медиҳад РИА Новости.
"Миёнаравҳо аз Қатар, Миср ва Амрико тавонистаанд дар мавриди оташбас миёни ҷонибҳои даргириҳо дар навори Ғазза ба созиш бирасанд. Он аз 19 январ эътибор пайдо мекунад. Дар марҳилаи аввал 33 гаравгони исроилӣ озод хоҳанд шуд. , аз ҷумла занони ғайринизомӣ ва низомӣ бар ивази ин, аз зиндонҳои исроилӣ ва маҳбусони фаластинӣ аз боздоштгоҳҳо озод карда мешаванд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, марҳилаи аввали оташбас 42 рӯз идома хоҳад кард. Нахуствазири Қатар афзуд, ки ҷузъиёти иҷрои ин тарҳ баъдан баррасӣ хоҳад шуд.
Қатар, Миср ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Қоҳира як гурӯҳи муштарак таъсис медиҳанд, то иҷрои созиши оташбасро назорат кунанд.
Дар лоиҳаи созишнома чунин гуфта мешавад:
Исроил 1000 маҳбуси баъди 8 октябри соли 2023 боздоштшудаи Ғаззаро озод мекунад;
Нӯҳ гаравгон аз Ғазза бар ивази 110 маҳбуси фаластинӣ, ки дар Исроил ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, озод карда мешаванд;
Исроил дар марҳилаи аввали созиши оташбаси Ғазза теъдоди сарбозони худро дар долони Филаделфи дар марзи миёни навори Ғазза ва Миср ба тадриҷ коҳиш хоҳад дод.
Ҳамос ин созишро таъйид кард ва онро "нуқтаи гардиш" дар низоъ бо Исроил хонд.
Дафтари нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу бо вуҷуди ин изҳор дошт, ки то ҳол як қатор масъалаҳои ҳалношуда мавҷуданд, ки имрӯз метавонанд ҳал шаванд.
Маҷид ал-Ансорӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Қатар ин хабарро тасдиқ кард.
"Тарафҳои муноқиша бо кумаки миёнаравҳо дар мавриди оташбас ба як тавофуқи бунёдӣ расиданд, аммо кори миёнаравҳо бо ин тамом намешавад, баръакс, оғоз мешавад. Субҳи рӯзи панҷшанбе музокирот аз рӯи масъалаи мушаххас оғоз мешавад", - гуфт ӯ.
Бино ба хабари матбуот раҳоии гаравгонҳо дастикам чанд ҳафта тӯл мекашад.