ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло дар ҷаласаи ахир қайд намуд, ки дар соли 2025 барои зиёд намудани хатсайрҳои маҳаллӣ аз ҷониби ҶСК “Тоҷик Эйр”, зиёд намудани шумораи парвозҳо бо давлатҳои хориҷи дуру наздик талош хоҳанд кард.
Вай инчунин қайд кард, ки барои боз ҳам рушд ва рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи гражданӣ нақшаҳо зиёд доранд ва ҳамаи кушишу ғайратро баҳри иҷрои нақшаҳои созандаву бунёдкоронаамон сарф хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки чанде пеш Бонки миллии Тоҷикистон ба “Тоҷик Эйр” барои фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ иҷозатнома дод.
Ёдовар мешавем, ки ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ҳафтаи гузашта оғози парвозҳо дар хатсайрҳои нави Душанбе-Кӯлоб-Душанбе ва Душанбе-Панҷакент-Душанберо эълон кард.
Ба иттилои ширкат, парвозҳо дар ин самтҳо ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе бо ҳавопаймои АН-28 сурат мегирад.
Бояд гуфт, ки ширкати мазкур ба далели мушкилоти техникию молиявӣ аз сентябри соли 2020 ба ин сӯ аз анҷоми парвозҳои мунтазам канор мондааст.
Қаблан раёсати "Тоҷик Эйр" пешниҳодҳояшро барои эҳёи фаъолияташон ба сарвазири ҷумҳурӣ, Қоҳир Расулзода, ки раиси Шӯрои нозирони ҷамъияти мазкур мебошад, пешниҳод карда буд.
Аз ҷумла гуфта шуд, ки дар доираи нақшаҳои роҳбарият, "Тоҷик Эйр" бо ширкати ҳавопаймоии "Southwind"-и Туркия барои ба иҷора гирифтани ду ҳавопаймои "Airbus" ҳамкорӣ ба роҳ мондаст.
Дар пайи бозмондани "Тоҷик Эйр" аз парвоз феълан "Сомон Эйр" ягона ширкати тоҷикистонист, ки дар бозори мусофиркашонии ҳавоии дохилию байналмилалӣ фаъолият дорад.