ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор доранд.
Ба ин тартиб, гардиши мол миёни ду кишвар дар се соли ахир панҷ баробар афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон хабар додааст.
Ба иттилои хабаргузории давлатии Эрон IRIB, вазири хориҷаи Эрон таъкид кардааст, ки дар се соли ахир ҳаҷми муомилоти мол миёни ду кишвар панҷ баробар афзоиш ёфтааст ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Тоҷикистон чӣ гуна суръат мегирад.
Дар асоси маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, мубодилаи мол байни Тоҷикистон ва Эрон давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2024-ум 336,8 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 120,1 миллион доллар ё 55 дарсад афзудааст.
Дар ин давра ҳаҷми содирот ба 104,1 миллион доллар ва воридот ба 232,1 миллион доллар баробар гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки Масъуд Пезешкиён, раисҷумҳури Эрон, рӯзи 15 январ бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ба Душанбе сафар мекунад.
Қобили зикр аст, ки ин нахустин сафари расмии Масъуд Пезешкиён ба Тоҷикистон пас аз ба мақоми раисиҷумҳур омаданаш аст.
Тибқи барномаи сафар пас аз мулоқоту музокирот дар сатҳи олӣ чанд санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон ба имзо мерасад.
Дар пайи музокироти густурдаи Тоҷикистону Эрон созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расида, шарикии ду кишварро таҳким мебахшад.
Баргузории анҷуманҳои тиҷорат, сармоягузорӣ ва гардишгарӣ низ дар дастури сафари раисиҷумҳур Пезешкиён аст, ки дар он беш аз 100 намояндаи тиҷорати эронӣ ширкат хоҳанд кард.