ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ҳамадони Камолов, футболбози дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ба дастаи “Гул Гавҳар”-и Эрон гузашт.
Вай нафари дуюм аст, ки дар мавсими интиқол (трансфер) – ҳои зимистонӣ аз Тоҷикистон ба як тими хориҷӣ меравад.
Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, муҳлати созишномаи Ҳамадонӣ Камолов бо “Истиқлол” ба охир расид, аз ин хотир, вай тимро тарк кард.
“Бо анҷоми созишнома вай ба масобаи як бозигари озод ба бошгоҳи "Гул Гавҳар"-и шаҳри Сирҷони Эрон гузашт ва ду мавсим дар он тим ҳунарнамоӣ хоҳад кард”, - гуфт Фаридун Солиев.
Бино ба додаҳои расонаҳои варзишии Эрон, "Гул Гавҳар" яке аз тимҳои қавии Эрон буда, дар ҷадвали мусобиқоти Лигаи бартар (олӣ)-и Эрон дар мақоми панҷум қарор дорад.
Ҳамадонӣ Камолов аз футболбозони маъруф аст, ки то "Истиқлол", қавитарин тими футболи Тоҷикистон, дар мавқеъи нимҳимоятгар дар дастаҳои "Локомотив-Помир"-и Душанбе ва бошгоҳҳои "Райо Махадаонда"ва "Паракуэллос Антамира" – и Испания низ бозӣ кардааст.
Вай моҳи ноябри соли 2023 ба тими миллии Тоҷикистон пайваста, дар 9 бозӣ 2 гол задааст.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, қаблан Эҳсони Панҷшанбе, бозигари тими миллӣ ва “Истиқлол” ба бошгоҳи “Суғдиёна”-и шаҳри Ҷиззахи Ӯзбекистон гузашта буд.