Соли 2024 дар Тоҷикистон мизони бемориҳои аз ҳайвонот гузаранда афзудааст

Эпидемиологиҳои Тоҷикистон мегӯяд, ки ба ғайр аз ҳолатҳои афзоишёбии бемориҳои аз ҳайвонотҳои гузаранда дигар тағйироти сахт дар байни бемориҳо надидаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар Ҷумҳурӣ мизони бемориҳои аз ҳайвонот гузаранда афзудааст.
“Ин бемориҳо нисбат ба соли 2023 зиёдтар шуданд, вале хушбахтона ба ҳолати маргумир паси сар шуд”,- таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи вай, давоми соли доим сатҳи беморшавӣ дар кишвар таҳти назорат буд ва ба ғайр аз ҳолатҳои афзоишёбии бемориҳои аз ҳайвонотҳо гузаранда дигар тағйироти сахт дар байни бемориҳо надидем.
“Бемориҳои буғумдард, сӯхтанӣ ва монанди ин ки аз ҳайвонот мегузаранд каме мушкилӣ ба бор оварда буд, лек хушбахтона бе талафот пушти сар шуд”,- афзуд мутахассис.
Ҷаъфаров: Дар Тоҷикистон метапневмовирус сабт нашудааст
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Тоҷикистон хабар дод, ки “Метапневмовирус” дар ҳудуди Тоҷикистон сабт нашудааст.
Ба гуфтаи вай, мутахассисони тоҷик тавони муаян кардани ин вирусро доранд ва вазъро пайваста таҳқиқ мекунанд.
“Тибқи таҳлилҳо, ки то 400 намуна аз минтақаҳои кишвар ҷамъовариву омӯхта шуданд, ин вирус дар ҷумҳурӣ нест”,- гуфт мутахассис.