Оташсӯзии густардае, ки ахиран дар шаҳри Лос Анҷелес, воқеъ дар иёлати Калифорния оғоз шуда, дастикам 24 кушта бар ҷо гузошта ва даҳҳо ҳазор нафарро маҷбур ба тахлияи хонаҳояшон кардааст
Дастури тахлияи ҳудуди 153 ҳазор амрикоӣ дар Лос-Анҷелес ба далели оташсӯзӣ содир шудааст.
Тахмин зада мешавад, ки оташсӯзии Лос-Анҷелес яке аз пурхароҷоттарин фоҷеъаҳои таърихи Амрико бошад.
Оташ то кунун дар бештар аз 15 ҳазор гектар паҳн шуда, зиёда аз 12 ҳазор биноро вайрон кардааст.
Бар асоси гузориши полиси Амрико ҳамчунин ҳудуди 166 ҳазор тани дигар аз сокинони Лос-Анҷелес низ ҳушдори омодагӣ барои тахлияро дарёфт кардаанд.
Ҷо Байден, президенти Амрико, сӯхторро дар Лос Анҷелес фалокати бузург донист.
Зарари эҳтимолии иқтисодиро аз ин офати табиӣ 135-150 миллиард доллар ҳисоб карда буд.
Сӯхтор рӯзи 7-уми январ сар шуд.
Мақомоти маҳаллӣ ба далели дуди ғализи заҳролуд вазъияти изтирорӣ эълом карданд.
Сӯхтор дар як маҳаллаи сарватмандон дар шаҳри Лос-Анҷелес чанд ситораи ҳунару телевизиони Амрикоро аз хонаҳояшон маҳрум кард.
Хонаи ситораҳои ҳунари Амрико, ки дар маҳаллаи Пасифик Палисейдс ба коми оташ рафтаанд, ҳар якаш ба ҳисоби миёна 4,5 миллион доллар нарх доранд.
Cӯхтори мудҳише (бо сабаби табиӣ) дар Калифорния рӯзи 7-уми январ сар зад.