ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, Русия мавқеи ниҳоии президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трампро дар мавриди Украина ҳангоми таҳияи он пас аз савгандёдкунӣ меомӯзад.
"Вақте президент Трамп, ки расман ба вазифааш оғоз кунад, ниҳоят мавқеи худро дар бораи умури Украина баён кунад, албатта мо онро меомӯзем", - гуфт Лавров дар нишаст.
Ҳамчунин оқои Лавров таъкид кард, ки Русия омода аст кафолатҳои амниятии "кишваре, ки ҳоло Украина номида мешавад баррасӣ кунад.
“Мо мунтазири пешниҳодҳои тими Трамп ҳастем”,- қайд кард Сергуй Лавров.
Вай ҳамчунин илова кард, ки садриъазами Олмон Олаф Шотс дар сӯҳбати моҳи ноябри худ бо Путин, чизе нагуфт, ки "қаблан мегуфт".
Дар посух ба суол дар бораи ширкати эҳтимолии Олмон дар ҳалли муноқишаи Украина, Лавров қайд кард, ки Берлин аллакай бо бастани созишномаҳои Минск саҳми худро гузоштааст, ки нияти иҷрои онро надошт.