Бозигару мураббии "Помир": Олег Хаби дар Маскав даргузашт

Собиқадори футболи точик Олег Хаби дар синни 84-солагӣ пас аз бемории тӯлонӣ дар шаҳри Маскави Русия даргузашт
Sputnik
4ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. 13 январ дар синни 84-солагӣ дар шаҳри Маскави Русия пас аз бемории вазнин ва тӯлонӣ собиқадори футболи точик, устоди варзиши ИҶШС, мураббии хизматнишондодаи ҶШС Тоқикистон Олег Иосифович Хаби даргузашт.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Олег Хаби ҳамчун ҳимоятгар бозӣ мекард. Аз соли 1962 то соли 1972 дар бошгоҳҳои "Энергетик"-и Душанбе ва "Помир"-и лигаи дуюм ва якуми класси "А"-и ИҶШС баромад карда, дар 261 вохӯрӣ 14 гол задааст.
Пас аз анҷоми фаъолияти бозигарӣ Хаби аз соли 1976 то 1980 ва аз соли 1983 то ноябри соли 1988 узви ситоди мураббиёни "Помир"-и Душанбе буд. Моҳи ноябри соли 1988 ба ҷойи Шариф Назаров сармураббӣ таъйин гардид.
"Помир" таҳти роҳбарии Олег Хаби тамоми мавсими 1989-ро сипарӣ намуда, дар он бори аввал дар лигаи олии ИҶШС баромад кард ва дар натиҷа зинаи 13-умро ишғол намуд.
Даргузашти нависандаи маъруфи тоҷик Шукурзода, ки аз Орёнову Хуросон мегуфт
Соли 1990 роҳбарии "Помир"-ро боз Шариф Назаров ба уҳда гирифту Хаби ёвари ӯ шуд.
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Олег Хаби ба Русия рафт ва солҳои1993-1994 ба ҳайати мураббиёни бошгоҳи "Ротор"-и Волгоград шомил шуд.
Сипас ӯ дар бошгоҳи "Локомотив"-и Маскав ба ҳайси мураббии кӯдакону наврасон солҳои зиёд фаъолият намуд.
Олег Хаби, ки соли 1940 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст, ба унвонҳои баланди Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ ва Мураббии шоистаи Тоҷикистон мушарраф шудааст.
Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хонавода ва наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ кардааст.