Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Медведчук: Украина ба самти терроризм ҳаракат дорад

Сиёсатмадори украинӣ собиқ роҳабри “Ҳизби мухолифин – барои ҳаёт” гуфт, ки Украина дар пасманзари шикасти низомӣ аз Русия ба самти терроризм ҳаракат дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Виктор Медведчук, раиси шӯрои ҷунбиши “Украинаи дигар” ва раҳбари пешини “ҳизби мухолифини Украина - барои ҳаёт", таъкид кард, ки Украина дар пасманзари шикасти низомии худ ба самти терроризм ҳаракат дорад.
Тавре Медведчук мисол овард, “ҳамлаҳои террористӣ дар вақтҳое рух медиҳанд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Украина талафоти бузург медиҳанд”.
"Агар Русия дар майдони ҷанг пирӯз шавад, Украинаи Зеленский ба терроризм мегузарад", - навиштааст Медведчук сомонаи ҳизбаш.
Ба гуфтаи вай, расонаҳо хабар додаанд, ки раиси дафтари Зеленский Андрей Ермак ба Сарраёсати иктишофии вазорати дифоъ ва Хадамоти амнияти Украина дастур додааст, ки то оғози савгандёдкунӣ президенти ИМА дар қаламрави Русия шумори амалиётҳо ва тахрибкориро афзоиш диҳанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Расонаҳо: Артиши Украина бинобар лавозимоти ҷангии пастсифат талафоти зиёде дидааст
Ёдовар мешавем, ки президенти мунтахаби ИМА Доналд Трамп, ки 20 январ дар назар аст.
Вай иддао дорад, ки бо фармони Ермак гурӯҳҳои пинҳониро дар Русия фаъол месозад, чанд "мавҷи даҳшатбор дар қаламрави Русияро омода кардаанд".
Медведчук муътақид аст, ки Украина, ки таҳти роҳбарии Зеленский, дар майдони ҷанг ноком шудааст, ба “маркази терроризми ҷаҳонӣ” табдил ёфтааст.
Вай илова кард, ки силоҳҳои ғарбӣ, ки Киев ба онҳо дастрасӣ пайдо кардааст, метавонад дар дигар манотиқи ҷаҳон ба дасти террористон уфтад.