ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Вазири иқтисоди Арманистон Геворк Папоян изҳор дошт, ки ҳукумати Арманистон масъалаи тарки Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро баррасӣ надоранд.
"Дар ҳоли ҳозир Арманистон узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аст. Ва дар ҳоли ҳозир масъалаи хуруҷ аз ин Иттиҳод дар дастури ҳукумати Арманистон нест", гуфт Папоян дар нишасти хабарӣ
Ба гуфтаи вазир, "рӯзномаи узвияти Арманистон дар Иттиҳодияи Аврупо як барномаи мувозӣ аст."
"Вазифаи мо на муҳокимаи ин рӯзномаҳо, балки баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди мост. Фарқ надорад, ки Арманистон дар Иттиҳодияи Аврупо аст, ё Иттиҳодияи иқтисодии АруОсиё. Иқтисоди мо бояд рақобатпазирии худро афзоиш диҳад, ҳосилнокии мо бояд афзоиш ёбад", - гуфт Папоян.
Дар навбати худ, вазири молияи Арманистон Ваҳе Ҳованисян изҳор дошт, ки Ереван хатарҳои хуруҷи эҳтимолии кишвар аз ИИАО-ро арзёбӣ мекунад.
"Мо ҳисобҳои гуногун дорем, мо тамоми хатарҳоро арзёбӣ мекунем, аз ҷумла дар ин масъала. Хатарҳо зиёданд", - гуфт вазир.
Ба гуфтаи Ҳованисян, вазорати молияи Арманистон сенарияи мухталифро баррасӣ мекунад.
"Ин кори мост. Хуруҷ аз ИИАО, агар имрӯз сурат бигирад, хатарҳо дорад", - қайд кард ӯ.
Рӯзи 9 январ ҳукумати Арманистон тарҳи қонун дар бораи пайвастани ин ҷумҳурӣ ба Иттиҳодияи Аврупоро тасвиб кард. Қабули қонун ин равандро оғоз мекунад. Тавре сарвазири Арманистон Никол Пашинян изҳор дошт, тасмим дар бораи пайвастани ин кишвар ба Иттиҳодияи Аврупо бояд тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул шавад.
Баъдтар муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук изҳор дошт, ки баррасии лоиҳаи қонун дар Арманистон, ки оғози раванди пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупоро дар бар мегирад, метавонад оғози хуруҷи ин кишвар аз ИИАО арзёбӣ шавад. Оверчук дар шарҳи тасмими ҳукумати Арманистон қайд кард, ки Иттиҳодияи Аврупо ва ИИАО ба ҳам мувофиқ нестанд, аз ҷумла ба далели он, ки “ҳарду Иттиҳодия мавҷуд набудани сарҳадҳои гумрукӣ ва озодии ҳаракати молҳо, хизматрасониҳо, сармоя ва қувваи кории онро пешбинӣ мекунанд”.